Биржаи Фондии Осиёи Марказӣ - центрально

advertisement
ПРЕСС-РЕЛИЗ
ҶСК «Биржаи Фондии Осиёи Марказӣ»
институти нави молиявӣ бо талошҳои минтақавӣ
Биржаи Фондии ба таври муътадил амалкунанда яке аз ҷузъҳои
серҳаракаттарин ва муташаккилонаи бозори сармоя буда, барои ҷамъшавӣ ва
истифодабарии захираҳои молиявӣ дар иқтисодиёти миллӣ нақши муҳимтаринро
мебозад.
Дар ҳар кадом мамлакат биржаи фондӣ дар ташаккулёбии сармоя
имконияти бозидани нақши марказиро дорад, пасандозҳоро самаранок ҷалб
намуда, амнияти сармоягузориҳоро таъмин менамояд ва мубодилаи дороиҳои
молиявиро ташкил менамояд.
Имрӯз дар Тоҷикистон аҳдҳо оид ба хариду-фурӯши қоғазҳои қиматноки
ҷамъиятҳои саҳомӣ дар феҳристҳои шахсӣ ба қайд гирифта шуда, ин аҳдҳо
хусусияти нархгузории ҳақиқӣ ва ҷараёни хариду-фурӯшро бо мақсади ҷалби
сармоя барои соҳибкорӣ надоранд. Тибқи маълумотҳои Агентии рушди қоғазҳои
қиматнок ва бақайдгирандаи махсуси назди Вазорати молияи Ҷумҳурии
Тоҷикистон дар охири соли 2014 шумораи ҷамъиятҳои саҳомии
бақайдгирифташуда ба 325 мерасад. Шумораи умумии аҳдҳо бо қоғазҳои
қиматнок дар охири соли 2014 ба 433 адад ва маблағи умумии онҳо ба 19,3
миллион сомонӣ мерасад.
Сарфи назар аз он, ки базаи меъёрӣ - ҳуқуқии соҳаи бозори қоғазҳои қиматнок
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз дар соли 1992 ташкил шуда буд, мутаасифона,
то ҳол институти мукаммали биржаи фондӣ чун ташкилкунандаи савдо бо
қоғазҳои қиматнок амал намекунад. Аз ҷониби мақомотҳои молиявӣ, қарзӣ,
инчунин бо иштироки мақомотҳои давлатии дахлдор кӯшишҳои таъсис додани
биржаҳои фондӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон буданд, аммо мутаасифона
дар айни ҳол ҳеҷ яке аз онҳо пурра амалкунанда нест ва набуд, ки метавонист ба
ҳамаи маҳакҳои институти молиявии мазкур ҷавобгӯ бошад. Институти мазкур
метавонист ҳам барои сармоягузорони маҳаллӣ ва ҳам барои сармоягузорони
хориҷӣ ҷиҳати сармоягузорӣ ба бахши ҳақиқии иқтисодиёт бо роҳи хариду фурӯши қоғазҳои қиматноки ширкатҳои маҳаллӣ платформаро фароҳам орад.
Бо дарки муҳим будани амали бозори қоғазҳои қиматнок ва зарурияти
пешрафти фазои сармоягузории ҷумҳурӣ бо роҳи рушди ҳам бозори қоғазҳои
қиматноки аввалин ва ҳам бозори қоғазҳои қиматноки такрорӣ Сарвари Ҷумҳурии
Тоҷикистон, Муҳтарам Эмомали Раҳмон дар баромади худ дар ҷаласаи 14 - уми
Шӯрои машваратӣ оид ба рушди фазои сармоягузории назди Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуд, ки «Бозори такрории қоғазҳои қиматнок ва
биржаҳои фондӣ воситаҳои муҳими бахши молиявии иқтисодиёти мамлакат
мебошанд ва имконият доранд, ки таҳкурсии ҳақиқиро барои ҷалби воситаҳои
озод ва сармоягузории онҳо ба дигар соҳаҳои иқтисодиёт гузоранд».
Сарвари давлат омилҳои ҷории боздорандаи рушди бозори такрории қоғазҳои
қиматнокро аниқ қайд карда, мегуяд: - «Дар шароитҳои имрӯза дар ҷумҳурии мо
яке аз омилҳои асосии боздорандаи рушди бозори такрории қоғазҳои қиматнок ин
масъалаи фаъолияти мунтазами ҷамъиятҳои саҳомӣ мебошад. Таҷрибаи
байналмилалии дар ин самт пешрафта аз мо талаб менамояд, ки мо ба рушди
бозори қоғазҳои қиматнок чун манбаи муҳими ҷамъоварии маблағҳои муваққатан
озод ва маблағгузорӣ аҳамияти зарурӣ диҳем. Дар маҷмӯъ проблемаҳои мавҷудаи
бозори такрории қоғазҳои қиматнок, чун сатҳи номукаммали рушди инфрасохтор,
мавҷуд набудани иттилоот ва дигар масъалаҳо бояд ҳалли дурусти худро ёбанд».
Бо назардошти Супориши Сарвари давлат, Муҳтарам Эмомали Раҳмон,
инчунин бо мақсади ташкил намудани платформаи ягона барои ҷалби лоиҳаҳои
инвеститсионии мамлакат моҳи апрели соли 2015, аз ҷониби дастаи
мутахассисони ҷавон, ки дар донишгоҳҳои бонуфузи Ҷопон, Англия ва
Қазоқистон маълумоти олӣ гирифта, таҷрибаи калони корӣ дар соҳаи бозори
фондӣ доранд, ҶСК «Биржаи Фондии Осиёи Марказӣ» таъсис дода шуд. Аз
ҷониби мутахассисони биржаи мазкур ҳамаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии
Ҷумҳурии Тоҷикистон роҷеъ ба соҳаи бозори қоғазҳои қиматнок, инчунин
масъалаҳои инфрасохтории амали бозори қоғазҳои қиматнок ва рушди минбаъдаи
он, омӯхта шудаанд. Дар ҷараёни омӯзиш баъзе монеаҳо ва камбудиҳое, ки дар
боло аз ҷониби Сарвари давлат қайд карда шудаанд ва дар маҷмӯъ барои рушди
бозори сармоя мусоидат намекунанд, ошкор гардиданд.
Ҳамин тариқ, мутахассисони Биржаи Фондии Осиёи Марказӣ бо назардошти
таҷриба ва амалияи байналмилалӣ, инчунин бо инобати қонунгузории
амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба бозори қоғазҳои қиматнок ба
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор пешниҳодҳоро вобаста ба ворид
намудани тағйироту иловаҳо ба санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон
ирсол намуданд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодҳои Биржаи Фондии
Осиёи Марказиро мавриди баррасӣ ва омӯзиш қарор дода, ҷиҳати дастгирӣ
намудани ташаббуси мазкур ва ворид намудани тағйироту иловаҳо ба санадҳои
қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон роҷеъ ба рушди бозори қоғазҳои қиматнок
қарор қабул намуд. Дар робита ба ин, ба вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ оид
ба такмили такрории лоиҳаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи
Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди бозори
такрории қоғазҳои қиматнок ва биржаи фондӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо
ҷалби мутахассисони Биржаи Фондии Осиёи Марказӣ, ки қаблан аз ҷониби
мақомотҳои давлатии дахлдор баррасӣ гардида буд, супориш дода шуд.
Инчунин, бо мақсади беҳтар гардонидан ва мукаммалгардонии санадҳои
меъёрии ҳуқуқӣ бо назардошти таҷрибаи байналмилалӣ, аз тарафи мутахассисони
Биржаи Фондии Осиёи Марказӣ ба Бонки Миллии Тоҷикистон як қатор
пешниҳодҳо оид ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии
Тоҷикистон «Дар бораи бозори қоғазҳои қиматнок» ва Кодекси андози Ҷумҳурии
Тоҷикистон пешниҳод шуданд. Ташаббуси мазкур дастгирӣ ёфта, аз ҷониби
Бонки Миллии Тоҷикистон лоиҳаҳои қонунҳо оид ба ворид намудани тағйироту
иловаҳо ба Қонуни мазкур ва Кодекси андоз ба вазорату идораҳои дахлдори
ҷумҳурӣ барои мувофиқа ирсол шуда буданд.
Инак, дар айни замон лоиҳаҳои қонунҳои болозикр ва Қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон оид ба рушди бозори такрории қоғазҳои қиматнок ва биржаи фондӣ
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор
доранд.
Қайд намудан зарур аст, ки Биржаи Фондии Осиёи Марказӣ созишнома оид ба
ҳамкорӣ бо ширкати ҶИМЭКС текнолоджис лимитед, ки ба гурӯҳи ширкатҳои
ҶИМЕКС ГРУП - яке аз ширкатҳои бузургтарини Британияи Кабир дохил буда,
технологияҳо ва масъалаҳои инноватсиониро дар соҳаи бозорҳои молиявӣ
пешниҳод менамояд, бастааст. Ин дар навбати худ барои шурӯъ намудани биржаи
фондии боэътимод ва аз ҷиҳати технологӣ ҷиҳозонидашуда мусоидат менамояд.
Дар ояндаи наздик Биржаи Фондии Осиёи Марказӣ ноил гаштани баландшавии
огоҳ будани шаҳрвандони мо дар бораи бозори фондӣ, воситаҳои молиявӣ ва
имкониятҳои он, ки ба сармоягузорон, эмитентҳо ва иштирокчиёни касбӣ
пешниҳод мешаванд, мақсади худ гузоштааст. Минбаъд, ташкилоти мо худро ба
сифати институти молиявии эътирофгаштаи байналмилалӣ, ки имконияти
хизматрасонии бозорҳои калонро доро мебошад, мебинад.
Оғози бомуваффақияти фаъолияти Биржаи Фондии Осиёи Марказӣ, ки дар
миёнаи моҳи октябри соли ҷорӣ ба нақша гирифта шудааст, ба як қатор
сармоягузорони институтсионалӣ ба монанди фондҳои нафақавӣ ва сармоявӣ,
ширкатҳои суғуртавӣ, бонкҳои давлатӣ ва тиҷоратӣ имкониятро барои даст
овардани воситаҳои молиявӣ, ки ҳамчун манбаи алтернативии даромад фоида
меоранд, фароҳам месозанд. Ҳамчунин тавассути платформа ташкилотҳои
давлатӣ ва хусусӣ метавонанд барои рушди фаъолияти худ бо роҳи барориши
қоғазҳои қиматноки худ дар Биржаи Фондии Осиёи Марказӣ маблағгузориро ҷалб
намоянд.
Бо назардошти суръати рушди институти молиявии мазкур дар арсаи
байналмилалӣ ва бо эътибор гирифтани суръати афзоиши мубодилаи қоғазҳои
қиматнок дар биржаҳои фондии ҷаҳон, Биржаи Фондии Осиёи Марказӣ ба нақшаи
рушди худ масъалаи тайёр намудани кадрҳои баландихтисосро дар муассисаҳои
таълимии пешқадамтарини хориҷӣ ворид намудааст, ки ин барои амали
минбаъдаи биржаи фондӣ аҳамияти калон дорад.
Ҳамин тариқ, барои ташкили инфрасохтори дахлдор, таъминоти махсуси
барномавӣ ва техникӣ, таъмини комплектатсияи моддӣ – техникӣ ва дигар
таҷҳизоти зарурӣ то имрӯз тақрибан 35 миллион сомонӣ маблағгузорӣ карда
шудааст.
Мақсади асосии «Биржаи Фондии Осиёи Марказӣ»:
- ташаккули муҳити қулай, шаффоф ва боэътимоди сармоягузорӣ барои
сармоягузорони маҳаллӣ ва хориҷӣ;
- фароҳам овардани имкониятҳо барои ҷалби сармояи иловагӣ барои ширкатҳо
бо шароитҳои муфид дар даври кӯтоҳмуддат ва дарозмуддат;
- манзур намудани таҷҳизоти навтарини технологӣ барои иштирокчиёни касбии
бозори фондӣ.
Биржаи Фондии Осиёи Марказӣ саъю кӯшиш ва қобилиятро барои тоб овардан
бо даъватҳои соҳа ва гузоштани саҳми худро барои дигаргуниҳои мусбии
минбаъда дар Тоҷикистон намоиш медиҳад.
Алоқаҳо барои Воситаҳои ахбори омма:
ҶСК «Биржаи Фондии Осиёи Марказӣ»
Навруз Хотамов
Тел: +992 55555 4321
E-mail: n.khotamov@case.com.tj
Дар бораи ҶИМЭКС Груп (GMEX Group)
Глобал Маркетс Эксченҷ Груп Интернешнл ЛЛП (ҶИМЕКС Груп) – ин гурӯҳи
ширкатҳое мебошад, ки масъалаҳои устувор ва инноватсиониро дар соҳаи
бозорҳои молиявии глобалии насли нав пешниҳод менамояд, аз ҷумла:
- таҳия ва ба кор даровардани платформаи электронии биржавии арзон
барои амалӣ намудани амалиётҳо бо аксияҳо, ӯҳдадории қарзӣ, асъор, дериватив
ва молҳо дар мамлакатҳои рушдёфта ва рӯ ба тараққӣ;
- амалӣ намудани робитаи мутақобила байни фондҳои биржавӣ ва таъсиси
шабакаи глобалии бозоргир;
- рушди соҳибкорӣ барои баланд бардоштани бозоргирии маҳсулоти
шарикон;
- ёрии маслиҳатӣ оид ба пешрафти стратегияи рушди биржаи фондӣ,
инкишофи маҳсулот, клиринг ва танзим;
- пешниҳоди платформаи биржавӣ, клирингӣ ва депозитарӣ.
Ба қатори саҳмдорони ҶИМЕКС Груп - Дойч Бёрс ЭйҶи, Сошиет Ҷенерал
Корпорэйт & Инвестментс Бэнкинг ва Форум Трэйдинг Солюшэнс Лимитэд дохил
мешаванд.
Барои маълумоти иловагӣ ба истиноди: www.gmex-group.com муроҷиат
намоед.
Дар бораи Биржаи Фондии Осиёи Марказӣ
Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Биржаи Фондии Осиёи Марказӣ» моҳи апрели
соли 2015 аз ҷониби ҶДММ «Конофар Майнинг» ва ҶДММ «Дастина» таъсис
дода шудааст. Офиси (утоқҳои кории) асосии ширкат дар бинои «Душанбе-Плаза»
воқеъ дар хиёбони Рудаки 38/1, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир
мебошад.
Асосгузорони Биржаи Фондии Осиёи Марказӣ мақсад доранд, ки биржаи
фондиеро таъсис диҳанд, ки қобилияти хизматрасонии бозорҳои калонро дошта
бошад. Биржаи Фондии Осиёи Марказӣ имкониятро барои ҷалби манбаҳои
алтернативии сармоягузорӣ барои ширкатҳои маҳаллӣ аз сармоягузорони
маҳаллӣ ва хориҷӣ фароҳам меорад ва барои сармоягузорони хориҷӣ имконияти
ворид шуданро ба бозори сармояи Тоҷикистон медиҳад.
Биржаи Фондии Осиёи Марказӣ аз ҷониби мутахассисони дорои таҷрибаи
корӣ дар соҳаи молиявӣ, хусусан дар соҳаи бозорҳои фондӣ ташкил шудааст.
Мутахассисони ҷавон – хатмкунандагони муассисаҳои таълимии беҳтарини
мамлакатҳои хориҷӣ, хусусан ҳуқуқшиносон, мутахассисони соҳаи молия,
иқтисодчиён, мутахассисони соҳаи муносибатҳои молиявӣ ва дигарон, дорои
таҷрибаи калони корӣ дар соҳаи бозорҳои молиявии мамлакатҳои рӯ ба тараққӣ
мебошанд. Даста бо мақсади ташаккули рушди фаъолияти биржавӣ бо шароитҳои
мувофиқ барои ҳамаи иштирокчиёни бозори қоғазҳои қиматнок ташкил шуда буд.
Дастаи мо саъю кӯшиш ва қобилияти тобоварӣ бо даъватҳои дар пеш истодаи
соҳаро нишон медиҳад.
Барои маълумоти иловагӣ ба истиноди www.case.com.tj муроҷиат намоед.
ПРЕСС-РЕЛИЗ
ОАО «Центрально-Азиатская Фондовая Биржа» новый финансовый институт с региональными амбициями
Хорошо функционирующая фондовая биржа потенциально является наиболее динамичным и организованным элементом рынка капитала, и играет важнейшую роль в аккумуляции
и использовании финансовых ресурсов в национальной экономике.
В каждой стране фондовая биржа имеет возможность играть центральную роль в формировании капитала, эффективно мобилизуя сбережения, обеспечивая безопасность инвестиций и
организуя обмен финансовыми активами.
На сегодняшний день в Таджикистане сделки по купле и продаже ценных бумаг акционерных обществ регистрируются в частных реестрах, эти сделки не носят характер реального
ценообразования и процесс купли продажи в целях привлечения капитала для бизнеса. Согласно данным Агентства по развитию рынка ценных бумаг и специализированного реестра
Министерства Финансов на конец 2014 года количество зарегистрированных акционерных
обществ составляет 325. Общее количество транзакций на конец 2014 года составило 433, на
суммарную величину – 19,3 миллионов сомони.
Несмотря на то, что нормативно-правовая база рынка ценных бумаг в Республике Таджикистан образовалась еще в 1992 году, к сожалению, до сих пор не функционирует полноценный институт фондовой биржи как организатора торгов ценными бумагами. Со стороны финансовых, кредитных, а также с участием соответствующих государственных органов были
попытки создания фондовых бирж на территории Республики Таджикистан, но к сожалению,
на данный момент ни одна из них не является полно функционирующей, которая могла бы отвечать всем критериям данного финансового института. Данный институт предоставил бы
платформу, как для местных, так и для иностранных инвесторов инвестировать в реальный
сектор экономики путём купли продажи ценных бумаг местных компаний.
Понимая важность функционирования рынка ценных бумаг и необходимость развития
инвестиционного климата республики путём развития, как первичного, так и вторичного рынка ценных бумаг Глава Государства Республики Таджикистана уважаемый, Эмомали Рахмон
в своём в выступлении на 14-ом заседании Консультативного совета по улучшению инвестиционного климата при Президенте Республики Таджикистан подчеркнул, что “Вторичный
рынок ценных бумаг и фондовые биржи являются важными средствами финансового
сектора экономики страны и способны заложить реальную основу для привлечения свободных средств и их инвестирования в другие сферы экономики.”
Глава государства чётко указывает на текущие факторы, которые сдерживают развитие
вторичного рынка ценных бумаг, говоря: “В сегодняшних условиях в нашей республике
одним из основных сдерживающих факторов развития вторичного рынка ценных бумаг
является вопрос систематической деятельности акционерных обществ. Передовой международный опыт в этом направлении требует от нас, чтобы мы уделяли необходимое
внимание развитию рынка ценных бумаг, как важного источника сбора временно свободных средств и инвестиций. В целом, имеющиеся проблемы вторичного рынка ценных бумаг, такие как недостаточный уровень развития инфраструктуры, отсутствие
информации и другие вопросы должны найти своё правильное решение.” .
Исходя из Поручения Главы Государства, уважаемого Эмомали Рахмона, а также с целью
организации единой платформы для мобилизации инвестиционных проектов страны в апреле
2015 года, командой молодых специалистов, получивших высшее образование в престижных
вузах Японии, Великобритании и Казахстана, имеющие большой опыт работы в сфере фондовых рынков была основана ОАО “Центрально-Азиатская Фондовая Биржа” (CASE - Central
Asian Stock Exchange). Со стороны специалистов данной биржи были изучены все вопросы,
затрагивающие нормативно-правовые акты Республики Таджикистан, касательно рынка ценных бумаг, а также инфраструктурные вопросы функционирования рынка ценных бумаг и его
дальнейшее развитие. В процессе изучения были выявлены некоторые препятствия и недостатки, которые не способствуют развитию рынка капитала в целом как упоминалось выше со
стороны Главы Государства.
Таким образом, специалисты Центрально-Азиатской Фондовой Биржи исходя из международного опыта и практики, а также принимая во внимание действующее законодательство
Республики Таджикистан о рынке ценных бумаг направили ряд предложений в Правительство
Республики Таджикистан по внесению изменений и дополнений в законодательные акты Республики Таджикистана. Правительство Республики Таджикистан, рассмотрев и изучив предложения Центрально-Азиатской Фондовой Биржи, принял решение о поддержке данной инициативы и о внесении изменений и дополнений в законодательные акты Республики Таджикистан, касательно развития рынка ценных бумаг. В связи с этим, соответствующим министерствам и ведомствам республики было дано поручение о повторной доработке проекта Постановления Правительства Республики Таджикистан «О Плане мероприятий Правительства
Республики Таджикистан по развитию вторичного рынка ценных бумаг и фондовой биржи в
Республике Таджикистан» с привлечением специалистов Центрально-Азиатской Фондовой
Биржи, который рассматривался ранее соответствующими государственными органами.
Также, с целью улучшения и усовершенствования нормативно-правовых актов с учетом
международного опыта, со стороны специалистов Центрально-Азиатской Фондовой Биржи
Национальному Банку Таджикистана был представлен ряд предложений по внесению изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан «О рынке ценных бумаг» и Налоговый
Кодекс Республики Таджикистан. Поддержав данную инициативу, Национальным Банком Таджикистана были отправлены на согласование в соответствующие министерства и ведомства
республики законопроекты о внесении изменений и дополнений в данный закон и Налоговый
Кодекс.
И так, на данный момент вышеуказанные законопроекты и Постановление Правительства
Республики Таджикистан «О плане мероприятий Правительства Республики Таджикистан по
развитию вторичного рынка ценных бумаг и фондовой бирже в Республике Таджикистан»
находятся на рассмотрении Правительства Республики.
Важно отметить, что Центрально-Азиатская Фондовая Биржа заключила соглашение о сотрудничестве с компанией GMEX Technologies Limited входящей в группу компании GMEX
Group - одной из крупнейших компаний Великобритании, предлагающей инновационные решения и технологии в сфере финансовых рынков. Это в свою очередь способствует запуску
надёжной, технологически оснащённой фондовой биржи в нашей стране.
В ближайшем будущем Центрально-Азиатская Фондовая Биржа нацелена на достижение
повышения осведомлённости наших граждан о фондовом рынке, его финансовых инструментах и возможностях, предоставляемые инвесторам, эмитентам и профессиональным участникам. В последующем, наша организация видит себя в качестве международно-признанного
финансового института, способного обслуживать крупные рынки.
Успешный запуск деятельности Центрально-Азиатской Фондовой Биржи, планируемый в
середине октября текущего года предоставит возможность для ряда институциональных инвесторов, таких как пенсионные и инвестиционные фонды, страховые компании, государственные и коммерческие банки приобретения финансовых инструментов, которые будут, приносить выгоду как альтернативный источник дохода. Также через данную платформу государ-
ственные и частные организации могут привлекать финансирование для развития своей деятельности путём выпуска своих ценных бумаг на Центрально-Азиатской Фондовой Бирже.
Учитывая динамику развития данного финансового института на международной арене и
приняв во внимание динамику роста оборота ценных бумаг на фондовых биржах мира, Центрально-Азиатская Фондовая Биржа включила в план своего развития вопрос о подготовке
высококвалифицированных кадров в ведущих учебных заведениях за рубежом, что имеет
немаловажное значение для дальнейшего функционирования фондовой биржи.
Таким образом, для создания соответствующей инфраструктуры, технического и специального программного обеспечения, обеспечения материально-технической комплектации и
другим необходимым оборудованием по сей день уже инвестировано порядка 35 млн. сомони.
Главная цель “Центрально-Азиатской Фондовой Биржи”:
формирование удобной, прозрачной, надёжной инвестиционной среды для местных и
зарубежных инвесторов;
 создание возможностей для привлечения дополнительного капитала для компаний по
более выгодным условиям в краткосрочном и долгосрочном периоде;
 предоставление новейшего технологического оборудования для профессиональных
участников фондового рынка.
Центрально-Азиатская Фондовая Биржа демонстрирует стремление и способность справиться с предстоящими вызовами индустрии и внести свой вклад в создание дальнейших позитивных перемен в Таджикистане.

Контакты для СМИ
CASE:
Навруз Хотамов
Директор по развитию бизнеса
Тел: +992 55555 4321
Email: n.khotamov@case.com.tj
О GMEX Group
Global Markets Exchange Group International LLP (GMEX Group) – это группа компаний предоставляющих устойчивые и инновационные решения в сфере глобальных финансовых рынков
нового поколения, включая:
•
•
•
•
Разработку и приведение в действие недорогой электронной биржевой платформы для
осуществления операций с акциями, долговыми обязательствами, валютой, деривативами
и товарами в развивающихся и развитых странах
Осуществление взаимосвязи между фондовыми биржами и создание глобальной сети ликвидности.
Развитие бизнеса для повышения ликвидности продукции партнера
Консультативную помощь по продвижению стратегии развития фондовой биржи, развития
продукции, клиринга и регулирования
•
Предоставление биржевой, клиринговой и депозитарной платформ
В число акционеров GMEX Group входят Deutsche Börse AG, Société Générale Corporate & Investment Banking и Forum Trading Solutions Limited.
За дополнительной информацией обращайтесь по ссылке: www.gmex-group.com
О CASE
Головной офис компании расположен в здании “Душанбе Плаза” по проспекту Рудаки 38/1, г.
Душанбе, Республика Таджикистан.
Основатели Центрально-Азиатской Фондовой Биржи имеют цель создать фондовую биржу,
способную обслуживать крупные рынки. Центрально-Азиатская Фондовая Биржа предоставит
возможность для привлечения альтернативных источников финансирования для местных
компаний от местных и зарубежных инвесторов и создаст возможности для зарубежных инвесторов получить доступ на рынок капитала Таджикистана.
Центрально-Азиатская Фондовая Биржа образована специалистами, имеющие опыт работы в
финансовой индустрии, а именно в сфере фондовых рынков. Молодые специалисты – выпускники лучших учебных заведений зарубежных стран, в частности юристы, финансисты, экономисты, специалисты в области международных отношений и другие, обладают большим опытом работы в сфере фондовых рынков развивающихся стран. Команда была сформирована с
целью формирования развития биржевой деятельности с наиболее подходящими условиями
для всех участников рынка ценных бумаг. Наша команда демонстрирует стремление и способность справиться с предстоящими вызовами индустрии.
За дополнительной информацией обращайтесь по ссылке: www.case.com.tj
Download